Пагоҳ дар Бозори «Меҳргон»-и Душанбе Фестивал-намоиши фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 октябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивал-намоиши фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот» баргузор мегардад. Дар ҷамъбасти онҳо ба кишоварзони фаъол аз рӯи бахшҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мавриди зикр аст, ки иду ҷашнвора ва фестивалҳои ангур ҳар сол дар бисёр кишварҳои олам, мисли ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Германия, Исроил, Кипр, Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия ва ғайра доир карда мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур дар Тоҷикистон тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши асал, ангур, дигар анвои меваҷот, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони тоҷик мебошад.
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангур ва дигар меваҷот то 30 сентябр 179 066 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад.
Имрӯзҳо ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат то кунун 45 912 тонна аз ин меваи шаҳдбор ҷамъоварӣ намудаанд, ки 9923 тоннаи он ба вилояти Суғд, 21411 тонна ба вилояти Хатлон ва 14578 тонна ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Дар намоиш-фурӯши мазкур навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳоди харидорон гардонида мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 30 сентябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232 146 оилаи занбӯри асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






