Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ «Меҳвари Душанбе»-ро дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 8, 2020 13:38

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷо оварда шуда, ҳамчунин барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо ба ҳамин масофа бо воситаи қубурҳои оҳанӣ об оварда шудааст.

Масоҳати умумии атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳавзҳои моҳипарварӣ 30 ададро ташкил менамоянд, ки масоҳати онҳо гуногун буда, аз 100 то 300 метри мураббаъро ташкил намуда, дар онҳо имкони аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш кардан мавҷуд аст.

Дар ҳавзҳои мазкур парвариши моҳиҳои навъи гулмоҳии шоҳона ва осётра аз тухми кирмина оғоз мегардад.

Айни замон дар ҳавзҳои мазкур 5 тонна моҳӣ парвариш карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши моҳӣ дар ҳавзҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар оянда дар назди ҳавзҳои моҳипарварӣ коргоҳи коркарди моҳӣ низ ташкил карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соҳибкор — роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев, ки дар соҳаи моҳипарварӣ таҷрибаи хуб дорад, аз соли 2019 дар кӯли Муъминобод фаъолияти  моҳипарвариро оғоз намуд, ки 25 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти он шинос шуда буданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарон ва коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” барои талошҳо баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Меҳвари Душанбе” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат 08.10.2020

Октябрь 8, 2020 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд