Шаҳри Турсунзода дар рӯзи якум маъракаи даъватро анҷом дод
ТУРСУНЗОДА, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2020 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин рӯз ҷавонони даъватшаванда ихтиёран дар фазои тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, ки дар натиҷа маъракаи даъвати ҷавонони шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ бори аввал дар рӯзи якум пурра анҷом ёфт. Дар ин бора котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҳамоиши мазкур раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум ба таври осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд”.
Дар гусели наваскарон волидайни даъватшавандагон иброз доштанд, ки бо эътимоди комил фарзандонро ба сафи Артиши миллӣ гусел менамоянд ва боварии комил доранд, ки онҳо бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд.
Наваскарон омодагии худ ва содиқона адо намудани хизмати ҳарбиро изҳор дошта, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард.
Дар охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои наваскарон дастурхони идона ороста шуда, ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






