СОМОНӢ – ЯКЕ АЗ ПУЛҲОИ УСТУВОР ДАР ИДМ. Имрӯз аз рӯзи ба муомилот баровардани асъори миллии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябри соли 2020 аз таърихи ба муомилот баровардани пули миллӣ –сомонӣ, ки сарвати миллӣ, обрӯю эътибори миллати тоҷик аст, 20 сол сипарӣ шуд. Пули миллӣ-сомонӣ дар радифи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад.
Маҳз бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик соҳиби пули миллии худ гардид ва ин падида барои давлат ва миллат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад ва онро метавон оғози ислоҳоти сифатан нави иқтисодиёти ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. Бояд гуфт, ки пули миллӣ ба сифати шиносномаи миллат барои таҳкими давлатдорӣ ва эътирофи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсист. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» воҳиди нави пули миллӣ-«Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва дирамҳо бо арзиши номиналии 1, 5, 20, 50 тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд, ки дар онҳо расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд. Унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд. Пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва дар айни замон яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллӣ дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон-Сомониён ба гардиш оғоз кард. Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштан бесабаб нест, зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ на фақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландро доро буданд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шудааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 10 майи соли 1995 дар Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикии барориши соли 1994 бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуда, дар низоми бонкии мамлакат марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин ислоҳоти пулӣ дорои нишонаи муҳими давлатдорӣ – пули миллӣ гашта, ниҳоят низоми ягона ва мустақили пулиро ташкил намуд.
Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монанд, ба миён омад. Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар», таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо имкон доданд, ки иқтисодиёти мамлакат давраи коҳиш ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани пули нави миллӣ – «сомонӣ» заминаи зарурӣ фароҳам орад.
Ислоҳоти пулии дуюм
Бо назардошти муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати гузаронидани ислоҳоти дуюми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад. Соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон барои чоп намудани пули миллӣ бо корхонаи «Giesecke & Devrient GmBx» (Германия) шартнома ба имзо расонд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии мамлакат-«сомонӣ» -пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ва бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд. Инчунин 10 сентябри соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии мамлакат пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.
Дар пули коғазии 200 сомонӣ, ки андозааш 159мм х 68мм мебошад, дар тарафи росташ акси Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии Тоҷикистон Нусратуло Махсум (1881 — 1937) ва расми бинои Китобхонаи миллӣ таҷассум ёфтааст, тасмачаи голографӣ бо матни «National bank of Tajikistan» дар кунҷи чап ва рақами «200» дар кунҷи рости он навишта шудааст. Ҳангоми тағйир додани кунҷи рӯшноии пул тасвири нишони Бонки миллии Тоҷикистон ва матнҳо медурахшанд.
Номинали пули коғазии «500» сомонӣ, ки андозааш 162мм х 71мм аст, дар тарафи рости он акси Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ва дар тарафи чапаш расми бинои Қасри миллат ҷойгир шудааст, бо ранги тағйирёбанда навишта шуда, ҳангоми дигар кардани кунҷи рӯшноӣ аз сурхи сияҳтоб ба тиллорангу сабз табдил меёбад. Ҳангоми дар муқобили рӯшноӣ дидани пул дар дохили равзана тоҷ ва нишони Тоҷикистон намудор мешаванд.
Дар пули коғазии «3» сомонӣ, ки андозааш 141мм х 65мм мебошад, дар тарафи росташ акси Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби давлатии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 — 1937) ва дар самти чапаш бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад. Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии давраи ташаккули шабакаи бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии пулӣ буда, дар китоби рушду такомули бахши молиявии иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи муҳими таърихӣ дарҷ гардидааст.
Таърихи пули миллӣ
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо гирифта, тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии ҳахоманишиянд (асрҳои VI — V то милод), ки аз бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё», ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV — миёнаи асри III то милод) рушд пайдо кард. Дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагӣ (тетрадрахма) бо ному тасвири шоҳ сикка зада мешуд. Шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраи мавҷудияти давлати Юнонӣ — Бохтарӣ (асрҳои III — II то милод) тааллуқ дорад. Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка зада мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кӯшонӣ бозёфт гардидааст. Муомилоти пулӣ дар аҳди Сомониён дар асрҳои IХ — Х ба авҷи аълои рушд расида, дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Дирҳамҳои Сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд. Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна ба давраи Темуриён (асри ХV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисини Темуриён дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Регар ва маҳалҳои дигар бозёфт гардидаанд. Сикказании танга дар Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфт. Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра «танга» ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 20, 50 100, 300, 500, 1 000, 2 000, 5 000, 10 000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд.
Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ташкил гардид, ки барориши пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқияти ҷузъӣ идома дод, аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи «Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд» ба нишонаи шӯравӣ -тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлол ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 — пули нақди Федератсияи Россия гардиш мекард. Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Россия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кумакпулиҳо бемайлон меафзуд; маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид ва ниҳоят Бонки миллии Тоҷикистон аз имкони гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъорӣ маҳрум буд.
Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурати ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъор сурат гирифт. Ин воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлоли иқтисодии мамлакат нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.
Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар ИДМ маҳсуб мешавад, ки таваҷҷуҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст. Пули миллӣ боигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодона, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад. Пули миллӣ яке аз муқаддасоти давлатдорӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ ҳар шаҳрванди худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба он арҷ гузорад, ифтихор намояд ва нисбат ба он бо эҳтиром муносибат намояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»