ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТӢ: Минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона шудаанд, ҷазо дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар асоси қисми 1, моддаи 189-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла Интернет, давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Ин матлаб зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор шуд, баён гардид.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Раъно Бобоҷониён шарҳ дода, изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2017 зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ баён доштанд, ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои пешгирикунандаи муқовимат ба экстремизм тавассути татбиқи ҷазои маъмурӣ ва огоҳкунии расмии шаҳрвандон таҳия шудааст»,-афзуд манбаъ.
Вакилон дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Санади мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Азиз Гиёзода муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати таҳия ва тасдиқ намудани Стандартҳои миллии аудити дохилӣ ва Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ бо дарназардошти дар қонуни амалкунанда мавҷуд набудани талабот вобаста ба онҳо, ки салоҳияти мақоми ваколатдорро муайян менамоянд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Баҳриддин Зиёӣ таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон лоиҳа дар ҳамбастагӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, барои татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба кирдори шахсе, ки ҳангоми набудани аломати ҷиноят дар кирдораш муқаррар мекунад, таҳия шудааст.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Сарвиноз Маҷидова зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» афзуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҳамбастагӣ бо ворид намудани моддаи нав ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мақоми баррасикунандаи парвандаҳои маъмурии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро аз ҷониби суд барои таъйини ҷазо дар баробари ҷаримаи ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ муқаррар мекунад, таҳия шудааст.
Масъалаи ниҳоии рӯзнома — Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоиштаро Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода муаррифӣ намуда, аз вакилони мардумӣ хоҳиш намуд, ки Созишномаи мазкурро ба тасвиб расонанд.
Бо чунин тарз вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд






