Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуданд

Октябрь 19, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 19.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узвияташон дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) аз ҷониби Шўрои Маҷлиси намояндагон муайян шудааст, дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонӣ аз тариқи видео-конференсияҳо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар он намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва узви кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидова, муовини Раиси  кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода, узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияҳои  доимии АП ИДМ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок намуданд.

Дар видео-конференсияҳо ҳамкории байнипарлумонӣ ва роҳҳои пешбурди фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Октябрь 19, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид