Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узвияташон дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) аз ҷониби Шўрои Маҷлиси намояндагон муайян шудааст, дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонӣ аз тариқи видео-конференсияҳо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар он намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва узви кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидова, муовини Раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода, узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияҳои доимии АП ИДМ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок намуданд.
Дар видео-конференсияҳо ҳамкории байнипарлумонӣ ва роҳҳои пешбурди фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






