Варзишгарони навраси тоҷик дар Федератсияи Россия соҳиби ду медали тилло шуданд

Октябрь 6, 2020 17:02

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Федератсияи Россия давоми 3 рӯз Чемпионати кушоди Авруосиё оид ба ҷиу-ҷитсу миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд. Дар қатори варзишгарони кишварҳои дигари қора ду навраси тоҷик- Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо ҳам дар мусобиқа ширкат намуданд. Дар ин бора  аз   Федератсияи ҷиу-ҷитсуи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Мунис Давлатов 8 сол дошта, дар вазни 24 кило ҳунарнамоӣ намуд. Ӯ ба Марк Савич аз Чехия, Никита Антонов аз Беларус ва Андрей Асташов аз Россия дастболо   гардида, унвони чемпиониро соҳиб шуд.

Абӯбакр Давлатов миёни варзишгарони соли таваллудашон 2013 дар вазни 23 кило ғолиби мусобиқа дониста шуд. Ӯ дар даври аввал   Павел Савостики русро шикаст дода, бар ҳарифони навбатии худ Никита Михайлов аз Беларус ва Степан Макаров аз Россия дастболо гардида, медали тилло гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ин ду варзишгари умедбахши тоҷик дар мусобиқаи дигаре, ки  бо номи  AJP TOUR MOSCOW INTERNATIONAL PRO моҳи августи соли равон дар доир шуда буд, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфта буданд.

Октябрь 6, 2020 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид