Ярмарка-фурӯшгоҳҳои Душанбе фаъолтар мегарданд

Октябрь 10, 2020 12:57

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо  супориши   Раиси  шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ   масъулин  ҳаҷм ва номгӯи  маҳсулоти тару тозаи  кишоварзию    агросаноатиро   дар  ярмарка- фурӯшгоҳҳои пойтахт, ки чанд муддат аст фаъолият доранд, зиёд намуданд. Аз ҷумла, дар ярмарка-фурӯшгоҳҳои маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ  барои сокинон  маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, пиёз, сабзӣ, картошка, равған, тухм, гӯшти гову мурғ ва  дигар меваҷоту сабзавот бо нархҳои дастрас пешниҳод гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, сокинони маҳаллаҳои зикршуда аз ташкили чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрока изҳори қанотмандӣ намуда, зикр карданд, ки аз ин ҷо барои захираи зимистон чандин номгӯи маҳсулот харидорӣ намуда,  аз онҳо  шарбату мураббо ва дигар хӯришҳо омода мекун анд.

 Чунин ярмарка-фурӯшҳои маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе, аз  ҷумла  дар маҳаллаи Қарияи Боло, бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», Боғи «Куруши Кабир» ва 11 нуқтаи дигари маҳсулотфурӯшии  пойтахт, ки зичии аҳолиашон  зиёд аст, ташкил гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз  моҳи январи соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2020 тасдиқ  гардида буд. Мақсад аз баргузории ярмаркаҳои мазкур таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад.

Раиси шаҳр Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»-ро вазифадор намуданд, ки  дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ  ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  бо иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур   дар пойтахт  тадбирҳои муассир  андешанд.

Рустами Эмомалӣ  ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсиро   вазифадор кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ  ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ, ки дар ярмарка фаъолона ширкат варзидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи сентябри соли равон  зимни сафари кории  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  шаҳри Турсунзода, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он касро ҳамроҳӣ намуданд, байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода  мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал  шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста  шуданд.

Октябрь 10, 2020 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд
Барои иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад