11-12 ноябр дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

Ноябрь 10, 2020 15:44

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» бо мақсади  омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе минтақаҳои шаҳр   аз соати 23:00-и 11 ноябр то соати  24:00 –и   12 ноябри  соли равон қатъ мегардад. Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 –и  11 ноябр  то соати 24:00-и 12 ноябри  соли 2020 дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи болою поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём, Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ),  Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 дар ноҳияи Шоҳмансур,  дар  маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино  қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони маҳаллаву шаҳракҳои зикршуда хоҳиш менамояд, ки ба миқдори зарурӣ оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Ноябрь 10, 2020 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд