6 НОЯБР – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он дар чӣ гуна шароит таҳия ва чӣ тавр қабул гардид ва чаро мо онро ҳуҷҷати тақдирсози миллат меномем
ДУШАНБЕ, 04.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бисту шаш сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад», — зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан ҳам, сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6 ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф гардидааст.
Бинобар ин, таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад.
Дар ин бора муовини директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Манзура Раупова дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:
— Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.
Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Биёед ба гузашта назар кунем ва бубинем, ки ин Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ гуна шароит таҳия ва қабул шуд ва чаро мо онро ҳуҷҷати ттақдирсози миллат меномем.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт.
Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст.
Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунанд. Тавре маълум аст, соли 1991 дар пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ хизмат намуда, сабаби барканории роҳбарони давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегиранд ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҷои идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта, ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд.
Давоми амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64). Президенти давлатро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 87-уми Конститутсия «судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имкони пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Моддаи 12-уми Конститутсия бо мақсади дар мамлакат таъмин намудани муносибатҳои бозаргонӣ ривоҷи соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликисти хусусиро ифода мекунад.
Вобаста ба аҳамияти Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.