ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ пул бо дарозии 16 метр мавриди истифода қарор гирифт

Ноябрь 18, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ  бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Мирзоев   ба маблағи 75 000 сомонӣ пул ба дарозии 16 метр ва паҳноии 2,10 метр ба истифода дода шуд, ки деҳаи Даштигулоро бо деҳаи Даштигуло-2 ба ҳам мепайвандад.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иттилоъ медиҳад.

Солҳои қаблӣ сокинони ин ду деҳа барои рафтуомад душворӣ  доштанд ва инак бо ба истифода додани пули мазкур ва бо файзи истиқлол мушкилии онҳо бартараф гардид.  Дар деҳаи Даштигуло -2 зиёда аз 268 нафар кӯдакон ба дарс ва зиёда аз 1345 нафар одамон барои анҷоми эҳтиёҷоти оилавӣ ва кор ба мағозаву бозор ва  хоҷагиҳои шахсию деҳқонӣ мераванд. То ин муддат онҳоро лозим меомад, ки аз роҳи калони мошингард убур намоянд. Ин амал барои мардум хавф эҷод мекард.

Дар ҳудуди деҳаи Даштигуло корҳои ободонӣ идома дошта, имрӯзҳо ба истифода додани маркази савдо низ дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иқдоми соҳибкорон таҷдиду навсозии роҳҳо низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон амалӣ шуда истодааст.

Ноябрь 18, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд