ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Варзоб соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 40 иншооти таъйиноташон гуногун, аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар деҳоти Гулбоғ, толори варзиш, маркази забономӯзӣ, дорухонаҳо дар деҳаи Чорбоғ, хоҷагии мурғпарварӣ, хати оби ошомиданӣ, майдончаи варзиш, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Лучоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб хабар медиҳад.
Дар ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон сохтмони 57 иншооти дигар идома дошта, баъди бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо 108 нафар бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегарданд. Инчунин дар боғи фарҳангии маркази ноҳия бунёди иншооти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 280 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз беш аз 140 адади он бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо 354 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






