ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Нуробод ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 211 иншоот бунёд мекунанд
НУРОБОД, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати бунёди иншооти таъйиноташон гуногун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод 248 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин 159 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 37 адад аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 211 адади дигар аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд мегарданд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳияи Нуробод Сайхуҷа Таибов, то имрӯз аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҳамид Маҷидов бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, иборат аз 8 синфхона барои 120 хонанда дар як баст дар деҳаи Даҳгиёни Ҷамоати деҳоти Муҷихарф ба истифода дода шудааст.
Толори варзишии замонавӣ дар деҳаи Тегирмии Ҷамоати деҳоти Комсомолобод ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Кабутиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашма аз ҳисоби аҳолӣ бунёд карда шуд. Дар сохтмони пули мошингузари деҳаи Тегирмӣ, бунгоҳи тиббӣ ва хатти оби нӯшокӣ барои аҳолии деҳаи Холибеки Ҷамоати деҳоти Хумдон саҳми соҳибкорон Насриддин Ҳамидов, Анваршо Шарифов, Ғиёсиддин Маҳмудов ва Эмом Шеров назаррас мебошад.
Сокинони ноҳияи Нуробод бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчунин сохтмони иншооти зиёдро роҳандозӣ намудаанд. Махсусан ду шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Лахшро, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад, тоза намуда, барои муҳайё намудани шароити хуб баҳри сайёҳони дохилию хориҷӣ ошхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо, нуқтаи шустушӯ, таъмири мошинҳо ва чашмаобҳо бунёд намудаанд.








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






