Иқлими ноҳияи Темурмалик барои парвариши мурғи марҷон мусоид аст
КӮЛОБ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Назрулло Қармишев дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзодаи ноҳияи Темурмалик барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ фермаи парвариши мурғи марҷон ташкил намуда, барои таъмини он бо об дар чуқурии 35 метр чоҳи амудӣ канданд. Мурғи марҷон дар ин хоҷагӣ ба таври табиӣ парвариш ёфта, барои бехатарии маҳсулот ва сифати хуб доштани он ба парандаҳо хӯроки консентратӣ ва химиявӣ намедиҳанд. Хоҷагии мазкур 18 гектар замини корами лалмӣ дошта, кормандони он асосан ба ғаллакорӣ машғул мебошанд. Онҳо ҳамасола аз ин замин ҳосили хуби гандуму ҷав ба даст меоранд, ки барои таъмини фермаи мурғи марҷон бо дон мусоидат менамояд. Ин аст, ки саршумори мурғи марҷон дар муддати кӯтоҳ афзоиш ёфта, хоҷагидорон мақсад доранд соли оянда саршумори ин навъи парандаро зиёд кунанд.
Тавре саҳмдори хоҷагӣ Лутфулло Қармишев дар суҳбат бо мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, “баъди бунёди ферма дар хоҷагӣ ҳамагӣ 32 сар мурғи марҷон харида будем ва дар муддати 8 моҳ саршумори он ба 300 сар расид. Соли оянда саршумори онро ба 1000 сар расониданием”.
Хоҷагидорон мегӯянд, ки ин мавзеъ барои парвариши мурғи марҷон хеле мусоид аст ва аксари сокинони деҳаи Чилчаи ин ҷамоат низ мурғи марҷон парвариш мекунанд. Вазни миёнаи ин паранда беш аз 8 килограмм шуда, дар як сол то 250-270 тухм мегузорад.
Гарчанде заминҳои хоҷагӣ корами лалмӣ буда, нисбат ба дигар хоҷагиҳо камтар аст, хоҷагидорон аз он самаранок истифода мебаранд. Баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ то сардиҳо ва шудгору кишти тирамоҳӣ мурғи марҷон дар ин заминҳо дон мехӯрад. Дар хоҷагии мазкур дар баробари бунёди фермаи мурғи марҷон як гармхона низ ба истифода додаанд, ки дар он 40 бех ниҳоли лимӯ парвариш меёбад.
Вобаста ба имконият роҳбарони хоҷагӣ кӯшиш доранд майдони гармхонаро васеъ намуда, саршумори парандаро низ афзоиш дода, истеҳсоли тухмро ба роҳ монанд.








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






