Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд шинос гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд шинос гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни боздид Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо масъулини раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба фасли зимистонро баррасӣ намуд.
Инчунин номбурда доир ба назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, хусусан риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ба инҳо алоқаманд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд






