Ҷо Байден аз ҷиҳати шумораи зиёдтарини овозҳои ба номзад ба президенти ИМА додашуда рекорди Обамаро шикаст
ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократӣ Ҷо Байден рекорди шумораи дарёфтшудаи овозҳои интихобкунандагонро шикаст. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин хусус CNBC хабар додаааст.
Тавре зикр гардид, вай шумораи аз ҳама бештари овозҳоро дар таърихи кишвар ба даст овардааст. Ба ҳамин тартиб, демократ рекорди соли 2008 гузоштаи Барак Обамаро шикаст. Вай амалан 69,5 миллион овоз (52,93 фоиз) гирифта буд.
Тибқи иттилои Fox News, Байден 50,2 фоизи овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард. 74,5 миллион нафар одам овози худро ба ӯ додааст. Ин нишондоди рекордӣ дар таърих аст ва нисбат ба Трамп 4 миллион нафар зиёдтар мебошад.
Бо иштироки рекордии интихобкунандагон, президент Доналд Трамп низ акнун бо 70.294.341 овоз (47,7%) аз рекорди Обама пеш гузашт.
АКСИ: twitter.com








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






