Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон мумфарш мегарданд

Ноябрь 3, 2020 15:08

ЁВОН, 03.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ноҳияи Ёвон  тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои маркази  ноҳияро навсозӣ ва мумфарш намоянд.

Тибқи иттилои  масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон, дар навбати аввал бо саҳми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов  корҳои сохтмонии 2,1 км роҳҳои кӯчаҳои Кароматуллоҳ Қурбонов ва Мирзо Турсунзода оғоз гардида, ин кӯчаҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат мумфарш карда мешаванд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо иқдоми соҳибкори бунёдкор Акбар Асадулло навсозии роҳҳои кӯчаи Меҳвар оғоз карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки давоми нуҳ моҳи соли равон бо ташаббуси Баҳриддин Ҷурахонов қариб 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ шуданд. Ҳоло дар назди муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 бинои иловагии таълимӣ, инчунин дар шаҳри Душанбе як муассисаи таълимии муосири панҷошёнаи дорои 1240 ҷои нишаст бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин ин соҳибкори саховатманд имсол барои донишҷӯёни ниёзманд 365 000 сомонӣ ва барои ятимону бепарасторон 53 000 сомонӣ кумаки пулӣ расонидааст.

Ноябрь 3, 2020 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд