Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати олимону профессорон ва донишҷӯён доир гардид.
Конференсияи мазкур зери унвони «Масъалаҳои мубрами илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ» ба 75-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида шуда буд.
Бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 конференсия ба сурати фосилавӣ гузаронида шуд.
Дар конференсия донишмандону пажӯҳишгарон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оид ба саҳми донишгоҳ дар рушду инкишофи илму маориф сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки “имрӯзҳо ҳамаи сокинони мамлакат барои ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди созандагӣ баҳри ба даст овардани комёбиҳои нав меҳнат доранд. Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар партави ҷашни 75-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконияти мавҷуда заминаи моддӣ-техникии муассисаро мустаҳкам намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим кӯшиш намояд ва соҳаҳои хоҷагидории мамлакатро бо мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат таъмин намояд”.
Дар конференсия доир ба мавзӯъҳои «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф», “Аз таърихи мухтасари таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Аз таърихи донишгоҳҳои ҷаҳон” ва ғайра маърӯзаҳои илмии донишмандон шунида шуданд.
Дар кори конференсия 288 нафар олимону пажӯҳишгарон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар бахши дуюми конференсия ҳозирин ба бахшҳои соҳавӣ тақсим шуда, мавзӯъҳои таҳқиқнамудаашонро ба муҳокимаи иштирокдорон манзур намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






