Дар Душанбе доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор бахшида ба соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустии мамлакат дастовардҳои назаррас ба амал омадаанд.
Махсусан давоми солҳои охир бунёд ва мавриди истифода қарор додани садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидани онҳо қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба шумор мераванд.
Дар идомаи ҳамоиш зикр шуд, ки дар Тоҷикистон давоми солҳои охир ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, бемориҳои дилу рагҳо корҳои назаррас ба анҷом расидаанд ва фаъолият дар ин самт минбаъд низ пурзӯр карда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамиши мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева, шарикони рушд, сардорони раёсатҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат иштирок намуданд.








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






