Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Маркази мукаммали таълимӣ таъсис ёфт

Ноябрь 23, 2020 13:18

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мегардад, Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)  Маркази мукаммали таълимӣ таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосир, чун (Eviews ва Stata) таъмин мебошад.

Тавре аз АМИТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ ноиби Президенти АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода, мудири минтақавии ЮНФПА тариқи онлайн, Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

«Россия барои рушди Тоҷикистон дар рӯҳияи шарики стратегӣ ва ҳамраъйӣ, аз ҷумла дар соҳаи омори демографӣ, ки дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои солҳои оянда нақши калидӣ дорад, мусоидат менамояд», — зикр кард Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 16 адад компютер, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Илова бар ин, ЮНФПА 16 литсензияи таъминоти барномавии STATA ва 16 литсензияи таъминоти барномавии Eviews ба даст овард.

Инчунин ЮНФПА барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши ба даст омада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот/пурсишҳо истифода шуда,  баҳри таҳияи сиёсатгузории миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Ноябрь 23, 2020 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд