Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомад доир шуд

Ноябрь 6, 2020 11:28

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои  ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода.

Нахуст муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Самиҷон доир ба муҳиммияти Конститутсия суханронӣ кард.

Дар идома мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нарзулло Маҳмудов роҷеъ ба таърихи қабули Конститутсия маърӯза карда, зикр намуд, ки санади мазкур дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи райъпурсии  умумихалқӣ қабул гардида, роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян сохт.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нурулло Қурбонализода зимни баромади худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон маънидод намуда, зикр сохт, ки бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Мавсуф изҳори фараҳмандӣ намуд, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро қабули Конститутсия ба марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид.

 

АКСҲО аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ

Ноябрь 6, 2020 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон