Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт

Ноябрь 26, 2020 13:02

 ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони чанде аз вазорату кумитаҳои соҳавии мамлакат дар мавзӯи «Татбиқи Созишномаи грантӣ «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки пеш аз ҳама, беҳтар намудани назорати истифода ва тақсимоти об бо роҳи барқарор кардани дарвозаҳои обтақсимкунӣ, сохтмони обченаккунакҳо барои бурдани ченаки об дар сарҳади об ва таъмини ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо обченаккунакҳо барои истифодаи оқилонаи оби полезӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин Оинномаи Идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон тасдиқ ва системаи  биллингӣ, яъне пардохти  ғайринақдӣ дар ҳавза аз моҳи январи соли 2020 дар 14 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷорӣ гардидааст. Дар баланд бардоштани сатҳи тавонмандии ташкилоти давлатии хоҷагии оби 5 ноҳияи зерҳадафи лоиҳа Маркази идора корҳои зиёдеро ба итмом расонидааст. Ин таҷрибаи марказ қобили дастгирӣ мебошад.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳа бо назардошти имконияти баррасии васеъ истифода намудани системаи биллингӣ мувофиқи мақсад мебошад. Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷорӣ намудани системаи мазкур натиҷаҳои  хуб дода истодааст. Албатта, дар оянда мо бояд пардохти ҳаққи хизмати обрасониро бо воситаи ин система дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҷорӣ намоем.

Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани мақоми дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати расонидани кумакҳои машваратӣ, методӣ ва иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва касбии кормандони онҳо пешниҳод манзур гардида буд. Тибқи маълумот, бо назардошти зарурати набудани  маблағ ин кор амалӣ карда нашудааст. Дар доираи лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Зарафшон баррасӣ намудани ҳалли ин масъала мувофиқи мақсад мебуд.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома ҳамчунин мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» Бозоралӣ Раҳмонов оид ба ҷараёни татбиқи Созишномаи грантии «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд  гузориши муфассал манзур намуд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 26, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд