Дар шаҳри Турсунзода корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ муташаккилона ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз нимаи дуюми моҳи октябр вобаста ба мавсими пастшавии маҷрои об дар дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент корҳои дастаҷамъонаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳоти соҳилнишини шаҳри Турсунзода, босуръат ҷараён доранд.
Ҳамзамон дар якчанд деҳоти наздисоҳилии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Работ, Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва 10-солагии Истиқлолият ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомёфта дамбаҳои харобгардида барқарор гардида, дар соҳилҳои дарё ба масоҳати 2000 метр бетонҳои мукааб хобонида шуда, 2 пули мошингузар таъмир гардиданд.
Корҳои таъмирӣ ҷиҳати пешгирии шусташавии соҳил дар селпартоҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Регар дар масоҳати 1500 метр ба анҷом расонида шуданд. Аз ҳудуди шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ гардида, деҳоти соҳилнишини он беш аз 20 деҳаро дар бар мегиранд. Аз ин лиҳоз масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳр аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки ҳамасола бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин бо иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор дар мавсими пастшавии маҷрои об корҳои дастаҷамъонаи соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






