Дар Суғд то оғози моҳи ноябр 85,9 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то имрӯз 85,9 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта иҷро гардида, кишоварзон ба хирмани мамлакат 111 ҳазору 233 тонна пахта ҳамроҳ намуданд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
То имрӯз кишоварзони навоҳии Ашт 74,3 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 81,5 фоиз, Ҷаббор Расулов 88,7 фоиз, Зафаробод 79 фоиз, Конибодом 95,2 фоиз, Мастчоҳ 95,8 фоиз ва Спитамен 88,4 пахта истеҳсол намудаанд.
Дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷамъоварии ҳосил муташаккилона ҷараён дошта, ҳамарӯза беш аз 1600 тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад.








«Shohin Airlines» иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст






