Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% иҷро шуд

Ноябрь 12, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ба поён расид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи вай, имсол нақшаи даъват ба сафи артиш аллакай 100% иҷро шудааст.

Баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳо пеш аз муҳлат дар бораи шумораи ҷавонони  ба хидмат даъватшуда гузориш дода буданд.

Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти ВМ ҶТ

Ҳамзамон Маҳмадализода илова намуд, ки бо вуҷуди пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ва комиссияҳои дахлдор дар минтақаҳо фаъолияти худро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аввали моҳи ноябр шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон нақшаҳои даъвати наваскаронро пурра иҷро карда буданд.

Чанд рӯз пеш вилояти Суғд низ нақшаи даъвати наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат иҷро намуд.

Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, ки ҳафтаи наздик пас аз ташаккули қисмҳои ҳарбӣ наваскарон дар марказҳои таълимӣ қабл аз оғози курси сарбози ҷавон ба Ватан савганди садоқат ёд хоҳанд кард.

Вай инчунин зикр кард, ки тадбирҳои хеле ҷиддӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав дар нуқтаҳои даъвати наваскарон андешида шудаанд. «Дар шароити паҳн шудани пандемияи Ковид-19 наваскарон дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳия ва вилоят барои ошкор намудани мавҷудияти коронавирус ду маротиба аз санҷиш гузаронида мешаванд. Илова бар ин, муошират байни волидон ва даъватшудагон бо мақсади ҷилавгирӣ аз сироят қатъиян маҳдуд шудааст», — иброз намуд Ф. Маҳмадализода.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати аскарӣ моҳи сентябри соли 2020 имзо шуда буд.

Ноябрь 12, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид