Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба мусобиқаи чемпионати Осиё омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар шаҳри Душанбе шурӯъ кард. Омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё нигаронида шудааст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тамринҳои даста ду ҳафта идома мекунанд. Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон Мубин Эргашев барои иштирок дар ин мусобиқа 28 бозингар, аз ҷумла 4 нафар дарвозабон, 10 нафар муҳофизон, 8 нафар ниммуҳофизон ва 6 нафар ҳамлагаронро даъват кардааст.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи чемпионати Осиё байни ҷавонон, ки аз 3 то 20 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» муқобили дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.
Чор дастаи беҳтарини ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқаи чемпионати ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20-сола мешаванд, ки дар Индонезия баргузор хоҳад гашт.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Муҳофизон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»), Парвиз Бахтиёрзода («Регар-ТадАЗ»), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»);
Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Шерзод Дадабоев, Ҳикматилло Исмоилов, Умедҷон Холиқов, Муҳаммад Бӯризод (ҳама аз «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






