Доир ба масъалаҳои татбиқи фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак тибқи низомномаи нав ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 19, 2020 13:03

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  18 ноябр дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои «Татбиқи фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак (хонаи кӯдакон) мутобиқи Низомномаи нав»  ҳамоиш доир гардид, ки дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, директорони марказҳои дастгирии оила ва кӯдак, намояндагони раёсатҳои молияи  шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан иштирок намуданд.

Тавре аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Зулфия Абдусаматзода  иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои  афзалиятноки фаъолияти Вазорати мазкур ба шумор рафта,  ба соҳа аз ҷониби давлат ва Ҳукумат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон  шароит ва имконоти мусоид муҳайё гардида, ҳамасола дар мамлакат даҳҳо муассисаҳои тандурустии кӯдакона, марказҳои солимгардонӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд.

Вобаста ба раванди табдилҳидии хонаҳои кӯдакони соҳаи тандурустӣ ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Азиза Хоҷаева сухан гуфт.

Номбурда  иброз дошт, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» таҳия гардида, он соли 2018 ба тасвиб расид, ки табдилдиҳии хонаҳои кӯдакони амалкунандаро ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак дар қиёс ба шаклҳои нигоҳубин дар муассисаҳои будубоши доимӣ ифода менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш як зумра иштирокчиён доир ба масъалаҳои табдилдиҳии хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак ҳарф заданд.

Ноябрь 19, 2020 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд