«Эмомалӣ Раҳмон — Президенти ваҳдатофар ва Пешвои маҳбуби сулҳ дар ҷаҳон»,- бардошт аз ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлоли давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Ин нуктаро имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — Президенти ваҳдатофар ва Пешвои маҳбуби сулҳ дар ҷаҳон» доир гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён намуд.
Дар ҳамоиш роҳбарон ва кормандони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳр, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи ҳозирин расонда, зикр дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини мамлакат, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шурӯъ аз соли 2016 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Зикр шуд, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокорона баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани мамлакат ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. Тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки обрӯ ва эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Дар ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва дигарон оид ба хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, саҳми бузург дар барқарории сулҳу ваҳдат ҳамчун Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар тӯли бисту нуҳ соли истиқлол мамлакати мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.
Аз ҷониби иштирокдорон зикр шуд, ки дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ ато кард ва ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Инчунин дар ҳамоиш филми мустанади «Достони Пешво» оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои мамлакат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат намоиш дода шуд.
Дар фарҷом иштирокдорони ҳамоиш толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар толорҳои Осорхонаи миллиро тамошо карда, аз таърихи навини мамлакат ва дастовардҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дидан намуданд.