ЕВГЕНИЙ ПРИМАКОВ: «ПЕШ АЗ ҲАМА, МО БА ОМАДАНИ ДОНИШҶӮЁН АЗ КИШВАРҲОИ ИДМ БА РОССИЯ ҲАВАСМАНДЕМ». Роҳбари нави Россотрудничество ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод

Ноябрь 17, 2020 19:00

ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр конфронси онлайнии роҳбари Агентии Федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона Евгений Примаков бахшида ба тағйирот дар ташкилот баргузор гардид. Дар кори он рӯзноманигорон аз бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон саволҳо доданд, ки онҳоро мебояд ҳайати Россотрудничествои таҷдидшуда ҳал намояд.

 Принсипи асосии Россотрудничествои таҷдидшуда гузариш ба таъсири башардӯстона дар кишварҳое мебошад, ки дар онҳо намояндагии  ин ниҳод фаъолият дорад. «Мо мафҳуми ҳузури башардӯстонаро васеъ менамоем. Ин дастрасии шахс ба ҳуқуқҳо, таҳсилот, фарҳанг аст», — зикр кард Евгений Примаков ва илова намуд, ки афзалияти фаъолияти Россотрудничество хориҷаи наздик мебошад. «Афзалияти кор бо хориҷи наздик дар консепсияи сиёсати хориҷӣ ба таври возеҳ баён шудааст», — гуфт ӯ.

Муҳаррири бахши русии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Елена Батенкова доир ба ворид намудани тасҳеҳот ва ташаббусҳои нав ба кори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон савол дод.

Евгений Примаков дар посух ба ин суол тазаккур дод, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои афзалиятнок аст. «Маркази фарҳангии Россия бояд макони ҷалби ҷавонон бошад. Дар робита ба пандемия барои вуруди донишҷӯён ба Россия маҳдудияти муайян мавҷуданд, аммо ин мушкилот муваққатиянд. Пеш аз ҳама, мо ба омадани донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ ба Россия ҳавасмандем. Дар айни ҳол, қарори Президенти Федератсияи Россия ва Думаи давлатӣ дар бораи ду баробар зиёд кардани шумораи бурсияҳо то солҳои 2023-2024  ба имзо расидааст. Мо  баррасӣ  мекунем, ки чӣ гуна таҳсилот дар Россияро дастрастар намоем. Чунин мешуморем, ки як қисми донишҷӯёни тавассути бурсия омада бояд бо стипендия ва грантҳо таъмин карда шаванд. Ин, бешубҳа, дар дурнамои дарозмуддат натиҷа хоҳад дод», — гуфт роҳбари нави Россотрудничество.

«Мо бояд донишҷӯёни хориҷиро таълим диҳем ва онҳоро ба ватан баргардонем, зеро онҳо сафирони муносибатҳои хуби Россия ва хориҷа мебошанд», — илова кард Примаков.

Дар мавриди таҳсил дар кишварҳое, ки Россотрудничество намояндагӣ мекунад, Примаков чунин зикр намуд: «Мо бояд ташаббусҳои давлатӣ ва хусусиро дар соҳаи маориф дастгирӣ намоем. Бигзор мактабҳо боз ҳам бештар шаванд, бо забони русӣ будани онҳо ҳатмӣ нест, балки  таълими забони русӣ  низ бошад. Россотрудничество вазифадор аст, ки ташаббуси хусусиро дастгирӣ кунад».

Ҳамзамон Евгений Примаков ёдовар шуд, ки забони русӣ ба таври анъанавӣ забони муоширати байни миллатҳо мебошад. “Ин меросест, ки бояд ҳифз карда шавад. Мо бояд курсҳои таълимӣ, аз ҷумла бо забонҳои маҳаллӣ ташкил кунем».

«Миссияи посдорони сулҳи мо дар Шарқи Наздик таваҷҷуҳро ба Россия зиёд мекунад. Мардум ба Президенти мо Владимир Путин эҳтироми зиёд доранд. Одамони зиёд мехоҳанд забони русиро омӯзанд ва ин ташаббус бояд амалӣ карда шавад», — гуфт Примаков ва зикр кард, ки «мо «неруи нарм» ва сиёсати башардӯстонаро таблиғ мекунем».

Примаков соли 1976 таваллуд шудааст. Набераи сиёсатмадор ва ходими давлатии Шӯравӣ ва Россия Евгений Примаков (1929-2015) мебошад. Ӯ ба ҳайси рӯзноманигор дар расонаҳои мухталиф, аз ҷумла дар агентии ИТАР-ТАСС ва аз соли 2002 дар телевизион кор кардааст.

Соли 2010 Примаков яке аз асосгузорони ташкилоти ғайритиҷоратии мустақил- Миссияи башардӯстонаи Россия (Русская гуманитарная миссия) гардид, ки ҳадафи он расонидани кумак ба одамони дар ҷангҳо ва офатҳои табиӣ зарардида мебошад. Аз соли 2011 то 2014 дар Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2015 ӯ муаллиф ва барандаи барномаи Шарҳи байналмилалӣ (Международное обозрение) дар шабакаи телевизионии Россия-24 мебошад.

Соли 2017 Примаков тибқи бурсияи президентӣ узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия шуд, комиссияи рушди ҷомеаи иттилоотӣ, воситаҳои ахбори омма ва коммуникатсияи оммавӣ, инчунин шӯрои ҳамоҳангсозии васоити ахбори оммаи минтақавиро роҳбарӣ кард. Моҳи сентябри соли 2018 дар интихобот дар яке аз ноҳияҳои вилояти Саратов вакили Думаи Давлатии Федератсияи Россия даъвати VII аз ҳизби «Единая Россия» интихоб шуд.

Ӯ узви кумитаи Дума оид ба корҳои байналмилалӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Федератсияи Россия В. Путин аз 25 июни соли 2020 роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона  (Россотрудничество) таъйин гардид.

Ноябрь 17, 2020 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд