Фестивали дӯстии ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

Ноябрь 13, 2020 16:42

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва сардорони раёсатҳои шаҳри Душанбе, устодону донишҷӯён, варзишгарони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе оид ба 4 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол миёни бонувон, шоҳмот, ва гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Тибқи натиҷаи холҳои бадастоварда дар мусобиқаи футбол ҷои якум насиби Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон шуда, ҷои дуввум ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва зинаи сеюм ба  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дода шуд.

Дар мусобиқаи волейбол миёни бонувон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат сазовори ҷои якум, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷои дуввум ва дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино ҷои сеюмро ишғол намуд.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо 4 медалли тилло ва 1 нуқра ҷои якум, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо 1 медалли тилло, 1 нуқра ҷои дуюм ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо 3 медали биринҷӣ ҷои сеюмро касб карданд.

Дар мусобиқаи шоҳмот Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ҷои якум, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷои дуюм ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷои сеюмро гирифтанд.

Дар рақобати даставӣ аз рӯи медалҳои ба дастоварда мақоми аввал ба  Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бо 5 медали тилло ва 1 нуқра дода шуд. Мақоми дуюм ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод 1 тилло ва 2 нуқра ва мақоми сеюм ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо  1 тилло ва 2 биринҷӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар иҷлосияи дуюми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баён намуданд, ташкил шуда, давоми 20 рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ, ибтидоии касбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мақсад аз баргузор гардидани Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе  самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, махсусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонон ҷиҳати тозаву озода дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани майдончаҳои мазкур, ташкили мусобиқаҳои дӯстона миёни ҷавонони маҳал ва хонандагону донишҷӯён мебошад.

Ноябрь 13, 2020 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид