ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Баҳрайн бозии дӯстона анҷом дод
ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии мазкур бо пирӯзии футболбозони Баҳрайн бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Голи ягонаро Муҳаммад Саад Ал-Ромайҳӣ дар охири қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.
Бояд тазаккур дод, ки 12 ноябр дар Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюми дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мекунад.
Бозии дӯстона
Баҳрайн — ТОҶИКИСТОН 1:0
Гол: Муҳаммад Саад Ал-Ромайҳӣ, 44-сола.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари асосӣ: Аҳмад Исса Дарвиш (АМА).
7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






