ФУТЗАЛ. Дар Тошканд байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозии дуюми дӯстона баргузор шуд

Ноябрь 20, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 20.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори варзишии «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд бозии дуюми дӯстона байни дастаҳои   мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба футзал дар  сатҳи баланд баргузор шуд. Вохӯрии    мазкур бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Як рӯз пеш аз ин дастаи  мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бозии дӯстона анҷом дод, ки рақобати зикршуда бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки бозии дӯстона бо дастаҳои  мунтахаби Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои дастаи  мунтахаби Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати 16-уми футзали Осиё мебошад, ки аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад. Дар чемпионати Осиё дастаи мунтахабаи  Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад, ки рақибонаш дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон хоҳанд буд. Аз рӯи натиҷагирии чемпионати  футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд. Мусобиқаи чемпионати футзали ҷаҳон аз 12 сентябр то 3  октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.

Бозии дӯстона

Ӯзбекистон — Тоҷикистон — 4:2

Голҳо: Акбар Усмонов (2), Анасхон Раҳматов, Даврон Чориев — Парвиз Раҳматов (2).

19 ноябр. Тошканд. Толори варзишии Академияи «Бунёдкор».

Бозиҳои дӯстона

18 ноябр (чоршанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон-1:1

Голҳо: Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбекистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);

Бозингарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Ноябрь 20, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад