Хуршед Мирзоев барои далерию шуҷоат дар пешгирии паҳншавии оташ бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Хуршед Мирзоев бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ.
Хуршед Мирзоев барои далерию шуҷоат дар пешгирии паҳншавии оташ, ки соати 1 шаби 30 октябри соли 2020 дар маҳаллаи 91 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шуд.
«Ҳодисаи сӯхторе, ки соати 1 шаби 30 октябри соли 2020 дар маҳаллаи 91 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нуқтаи таомҳои зуд-таёр рух дод, паҳншавии оташ ба мағозаҳои ҳамшафат, бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва бо оқибатҳои миллионҳо сомонӣ зарари молӣ аз эҳтимол дур набуд. Дар ин асно ду тан нозирони бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар суроғаи болозикршуда хизмат мебурданд, ки алангаи оташ аз назари онҳо пинҳон намонд. Новобаста аз он, ки барои пешгирӣ ва хомӯш кардани алангаи оташ таҷҳизот, дастгоҳ ва моеъи махсус лозим бошад ҳам, вале бо дидани чунин ҳодисаи хатарнок нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед Ҷамолиддинович бо чолокӣ, далерию ҳисси баланди масъулият ва садоқати худ ба давлату миллат аз авҷи оташ ва таъсири он наҳаросида, оташро аз панҳшавӣ пешгирию хомӯш кард. Гарчанде қисми рости пешонӣ, панҷаи дастони рости ӯ аз оташ осеби сахт дид, вале сержанти хурди милитсия Хуршед Мирзоев савганди ёднамудаи касбии худро ба ёд оварда, садоқату устувории худро дар пешаи интихобкардааш собит намуд», — тазаккур доданд дар ВКД.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






