Иммунолог шарҳ дод, ки чӣ тавр одамон коронавирусро бе нишона мегузаронанд

Ноябрь 12, 2020 10:57

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иммунолог ва ҳассосиятшиноси рус Владимир Болибок шарҳ дод, ки чӣ тавр одамон коронавирусро бидуни нишона мегузаронанд. Тавре ки имрӯз «РИА Новости» хабар додааст, вай дар ин бора дар мавҷи НСН ибрози назар намудааст.

«Бидуни нишона гузаронидани сироят барои инсон хатарнок нест, дар ин ҳолат одам ягон хел дард эҳсос намекунад, дар вуҷуди вай илтиҳоб мушоҳида намешавад ва вазъи саломатиаш тағйир намеёбад», — иброз намудааст коршинос.

Ҳангоми бидуни нишона гузаронидани коронавирус, баъди ба бадани инсон ворид шудани вирус як муддат он дар луобпарда зиндагӣ мекунад. Сипас системаи эминӣ бар зидди вирус ҷисмҳои бегона (антителаҳо) тавлид ва онро маҳв мекунад.

Ба гуфтаи духтур, дар ин ҳолат бидуни нишона гузаронидани беморӣ гуфтан дуруст нест, зеро ҳама чиз танҳо бо сироятёбӣ маҳдуд мешавад.

Усули муайян кардани COVID-19-и бе нишона

Қаблан коршиносон гуфта буданд, ки дар сурати бе нишона гузаронидани беморӣ ошкор намудани коронавирус дар вуҷуди одам бо истифода аз озмоиши тестӣ мумкин аст. Аммо онҳо зикр кардаанд, ки тестгузаронии мунтазам ҷиҳати муайян намудани COVID-19 бесамар буда, метавонад боиси  хароҷоти калон гардад, бинобар ин ташхиси тестӣ бояд танҳо пас аз тамос гирифтан бо шахси бемор гузаронида шавад.

Ба гуфтаи мутахассиси пешбари Маркази таҳқиқоти федералии тибби фундаменталӣ ва транслятсионӣ, профессори вирусшиносӣ Александр Чепурнов, ба таври дигар ошкор намудани коронавирус ғайриимкон аст.

Вирусшиноси Маркази илмӣ-таҳқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалеи Анатолий Алтштейн низ ҷонибдори ҳамин андеша аст.

Хатари асосии бидуни нишона гузаронидани COVID-19

Қаблан Анатолий Алтштейн коронавирусро бо полиомиелит муқоиса карда, фаҳмонида буд, ки бе нишона гузаронидани COVID-19 чӣ хатар дорад.

«Хатари он ин аст, ки чунин одамон паҳнкунандагони уфунат мебошанд», — изҳор намуд мутахассис зимни мусоҳиба бо НСН.

Вай шарҳ дод, ки ҷараёни бидуни нишона гузаронидани COVID-19 пурра омӯхта нашудааст ва ба хусусиятҳои бадани инсон ва худи вирус бастагӣ дорад. Алтштейн инчунин зикр кард, ки ҷараёни бидуни нишона гузаронидани COVID-19 метавонад на танҳо бо хусусиятҳои бадани инсон, балки ба худи патоген низ вобаста бошад.

Дар навбати худ директори Пажӯҳишгоҳи иқтисоди тандурустии Мактаби олии иқтисодӣ Лариса Попович муътақид аст, ки таҳаммулпазирӣ нисбат ба COVID-19 метавонад пас аз сироятёбӣ аз  бета-коронавирус эҷод шавад.

Сироятёбии такрорӣ

Зимни мусоҳиба бо радиои Sputnik дар бораи он, ки ба сирояти такрории коронавирус чӣ таъсир мерасонад, Алтштейн гуфт, ки эҳтимоли сирояти такрориро ҳанӯз ҳангоми бори аввал бемор шудан дар асоси вокуниши эминии нахустин арзёбӣ намудан мумкин аст.

Вирусшинос таъкид кард, ки муҳофизати асосӣ аз коронавирус — ин эминияти табиии худи инсон аст. Пас аз сироятёбии аввал бадан метавонад монеаро байни худ ва COVID-19 мустаҳкам кунад, аммо на ҳама вақт чунин мешавад.

Нишонаи асосӣ

Олимони испанӣ муайян карданд, ки дар вуҷуди зиёда аз 80 фоизи беморони COVID-19 норасоии витамини D мушоҳида мешавад. Гузашта аз ин, ин нишона бештар дар мардон ба назар мерасад.

Муайян шудааст, ки 82,2 фоизи беморони COVID-19 норасоии витамини D доштаанд, дар муқоиса бо 47,2 фоиз дар гурӯҳи назоратӣ — сатҳи 25OHD — и онҳо ба ҳисоби миёна 13,8 нг / мл -ро дар муқоиса бо 20,9 нг/мл дар гурӯҳи назоратӣ ташкил мекунад. Дар айни замон сатҳи мардон нисбат ба занон камтар будааст.

Пандемияи COVID-19

Пандемияи коронавирус тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар маҷмӯъ, беш аз 50,8 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шуда, аз ҷумла, 1 миллиону 260 ҳазор тан ҷон бохтаанд. Бештар аз ҳама ҳолатҳои сироятёбӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Ҳиндустон ва Бразилия сабт шудаанд.

Дар Росия зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар аз ин вирус сироят ёфта, аз ҷумла 1,35 миллион нафарашон шифо ёфтаанд. Зиёда аз 31 ҳазор нафар бар асари COVID-19 ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта 19,851 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор шудааст.

АКС: russian.rt.com

Ноябрь 12, 2020 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд