IRS: Новобаста аз бориши беисти барф роҳ кушода аст

Ноябрь 25, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди бориши пуршиддат ва беисти барф роҳи мошингарди Душанбе -Чанок кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо таъмин аст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гузариши мошинҳои зикршуда ба хотири эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди нақлиёт муваққатан боздошта шудааст. Кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро бо маводи зиддилағжиш коркард намуда, кӯшиш доранд рафтуомади муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Филиали ширкат аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунад, ки бо омодагии ҷиддӣ ва мошинҳои дорои тири пешбар ба сафар бароянд.

Ноябрь 25, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид