Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми 13-уми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея»

Ноябрь 25, 2020 14:15

 ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Сеул 13-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар чорчӯби Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.

Дар Форум таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун  василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.

Дар чорчӯби Форум ҷаласаҳои алоҳидаи маҷозӣ роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, тандурустии омма, муҳити зист ва таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.

Гарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои дигар низ шаклҳои монанди ҳамкорӣ доранд, лекин Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ягона сиғаест, ки котиботи худро созмон додааст.

Дар интиҳои нишаст Баёнияи муштарак ва Нақшаи кории котиботи Форум барои соли 2021 қабул шуданд.

Вазирони корҳои хориҷии Форуми «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» қарор қабул карданд, ки мулоқоти оянда дар Душанбе баргузор гардад.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 25, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд