Коршиноси байналмилалӣ аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон изҳори назар намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷаҳиши шадиди ин беморӣ ба назар намерасад, аммо ин метавонад муваққатӣ бошад. Дар ин бора дар суҳбат ба агентии Sputnik сардори Раёсати тандурустии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Аврупо Даврон Муҳамаадиев изҳори намудааст.
«Масъала дар он аст, ки ҳарчанд Вазорати тандурустӣ (ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии – тавз. АМИТ «Ховар») Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавҷи дуввум омодагӣ мебинад ва барои мабодо бемористонҳоро бо асбобҳои нафасдиҳиву катҳои иловагӣ таъмин мекунад, аммо тағйири табиати беморӣ (мутатсияи коронавирус – тавз. АМИТ «Ховар») метавонад тамоми кӯшишҳои табибонро нокофӣ кунад», — мегӯяд Даврон Мухамадиев.
«Аз моҳи сентябр ба ин сӯ афзоиши шадиди сироят дар Аврупо мушоҳида мешавад, ки пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меистад. Шумораи бистаришавӣ дар беморхонаҳо афзудааст, аммо бадтараш, барқароршавӣ тӯлонитар шудааст, одамон вақти зиёдро дар катҳои беморхонаҳо мегузаронанд, ки ин ба беморхонаҳо бори иловагӣ зам мекунад.
Дар ниҳоят, беморхонаҳо барои мубориза бо COVID-19 тарҳрезӣ шудаанд ва аксари беморон аз нигоҳубини маъмулӣ маҳруманд «, — шарҳ додааст Муҳаммадиев ба Sputnik.
Ба гуфтаи ӯ, ягона чизе, ки бемористонҳоро аз изофабориҳо наҷот медиҳад, ҳушёрии худи шаҳрвандон, риояи режими ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ мебошад.
Ба ақидаи Муҳаммадиев, набояд ба иқлими гарм ва офтоби тафсони Тоҷикистон такя кард, зеро ягон тадқиқот робитаи мустақими режими ҳарорат ва афзоиши бемориро собит накардааст.
АКС: Sputnik








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






