Коршиноси байналмилалӣ аз хатари мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон изҳори назар намуд

Ноябрь 1, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷаҳиши шадиди ин беморӣ ба назар намерасад, аммо ин метавонад муваққатӣ бошад. Дар ин бора дар суҳбат ба агентии  Sputnik сардори Раёсати тандурустии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Аврупо Даврон Муҳамаадиев изҳори намудааст.

«Масъала дар он аст, ки ҳарчанд Вазорати тандурустӣ (ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии – тавз. АМИТ «Ховар») Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавҷи дуввум омодагӣ мебинад ва барои мабодо бемористонҳоро бо асбобҳои нафасдиҳиву катҳои иловагӣ таъмин мекунад, аммо тағйири табиати беморӣ (мутатсияи коронавирус – тавз. АМИТ «Ховар») метавонад тамоми кӯшишҳои табибонро нокофӣ кунад», — мегӯяд Даврон Мухамадиев.

«Аз моҳи сентябр ба ин сӯ афзоиши шадиди сироят дар Аврупо мушоҳида мешавад, ки пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меистад. Шумораи бистаришавӣ дар беморхонаҳо афзудааст, аммо бадтараш, барқароршавӣ тӯлонитар шудааст, одамон вақти зиёдро дар катҳои беморхонаҳо мегузаронанд, ки ин ба  беморхонаҳо бори иловагӣ зам мекунад.

Дар ниҳоят, беморхонаҳо барои мубориза бо COVID-19 тарҳрезӣ шудаанд ва аксари беморон аз нигоҳубини маъмулӣ маҳруманд «, — шарҳ додааст Муҳаммадиев ба Sputnik.

Ба гуфтаи ӯ, ягона чизе, ки бемористонҳоро аз изофабориҳо наҷот медиҳад, ҳушёрии худи шаҳрвандон, риояи режими ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

Ба ақидаи Муҳаммадиев, набояд ба иқлими гарм ва офтоби тафсони Тоҷикистон такя кард, зеро ягон тадқиқот робитаи мустақими режими ҳарорат ва афзоиши бемориро собит накардааст.

                                                                                  АКС:  Sputnik

Ноябрь 1, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»