Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз яхбандӣ, тӯдашавии барф ва хатари фаромадани тарма дар роҳҳо ҳушдор медиҳад

Ноябрь 24, 2020 12:26

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибони мошинҳоро огоҳ мекунад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди «Душанбе — Чанок», «Душанбе — Ваҳдат — Лахш», «Душанбе — Рашт», «Душанбе — Сангвор», «Душанбе — Кӯлоб», «Шоҳин — Дарвоз», «Ванҷ- Хоруғ», «Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб» эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст. Дар ин бора маркази матбуоти Кумита хабар додааст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

«Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд», — шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

Акс: аз бойгонӣ

Ноябрь 24, 2020 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд