ЛИМӮҲОИ МАШҲУРИ ТОҶИКӢ: ТАҶРИБАИ САДСОЛАҲО. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил идома дорад
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби вилояти Хатлон, дар шаҳраки Ҷалолиддини Балхӣ, дар майдони беш аз 10 гектар лимӯи машҳури тоҷикӣ парвариш карда мешавад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Тоҷикистон».
Деҳқонони ҷамоати Калинин зикр мекунанд, ки дар гармхонаҳои онҳо ин навъи растанӣ хеле хуб нашъу намо мекунад.
Дар тӯли солҳои таҷриба, селексионерҳои маҳаллӣ муваффақ шуданд, ки навъи ситрусиҳои ба таъсири беруна тобовар ихтироъ кунанд ва на танҳо таҷрибаи худ, балки ниҳолҳои дарахтони лимӯро низ ба хоҷагиҳои дигар интиқол диҳанд.
Деҳқон Муродбек Ятимов 50 сол боз дар хоҷагӣ кор мекунад ва тамоми асрори парвариши лимӯи муфиди тоҷикиро медонад.
Ба гуфтаи раиси Ҷамоати деҳоти Калинин Носирҷон Пиров, имсол ҳосили лимӯ пурра пухта расидааст ва заҳматкашон ҷамъоварии онро идома медиҳанд, қисме аз меваҳо аллакай дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудаанд.
«Лимӯи ба зимистон тобовар — ифтихори деҳқонони маҳаллист. Як замон ин навъ “Мейер” ном дошт. Беҳтар аз ҳама, он дар вилояти Хатлон нашъу намо мекунад. Дар тӯли 80 соли парвариш он ба худ номи “Хатлонӣ” гирифт. Меваҳои он калонанд, пӯстлохи зарди торик доранд ва мағзи он бӯи қавӣ ва таъми ширин дорад», — гуфт хабарнигори ТВ» МИР-24 «.
«Сифатҳои афзалиятноки “Хатлонӣ” бо ин анҷом намеёбанд. Он ҳосили хеле калон медиҳад — аз даҳ сотих ду тонна. Дар як сол чанд маротиба ҳосил медиҳад», — мегӯяд боғбон Зоир Идиев зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон беш аз сад сол инҷониб лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯз дар қаламрави мамлакат қариб 2 ҳазор гектарро боғҳои лимӯпарварӣ ишғол намудаанд, ки ҳар сол зиёда аз 50 ҳазор тонна ҳосил медиҳанд.
Лимӯҳои тоҷикӣ бо пӯсти тунук ва бӯи хуши худ фарқ дошта, талабот ба онҳо дар хориҷа хеле зиёд аст. Қисми зиёди ҳосилро тоҷикистониён ба кишварҳои шимол, аз қабили Россия, Чин ва Қазоқистон содир мекунанд.
Ҳосили лимӯ дар Тоҷикистон аз охири моҳи октябр то охири декабр ҷамъоварӣ ва тақрибан нисфи он ба хориҷи мамлакат содир мешавад.









Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






