Мерилин Ҷозефсон: «Боварӣ дорам, ки лимӯ дар оянда яке аз муваффақтарин бренди Тоҷикистон дар ҷаҳон мешавад»
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мо хеле хуб медонем, ки лимӯ ҳамарӯза аз ҷониби инсонҳо истеъмол карда мешавад ва дар аксар мамлакатҳои дунё низ парвариш меёбад, аммо лимӯи тоҷикӣ хеле таъми лазиз дошта, хушбӯй мебошад ва ҳамин аст, ки харидорони худро берун аз Тоҷикистон базудӣ пайдо кардааст. Боварӣ дорам, ки лимӯ дар оянда яке аз муваффақтарин бренди Тоҷикистон дар ҷаҳон мешавад. Ин матлабро имрӯз зимни мулоқоти корӣ оид ба муаррифӣ ва содироти лимӯ, ки бо иштироки бахши хусусӣ, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдор дар Душанбе баргузор шуд, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Ҷозефсон баён намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки ҷаласаи кории имрӯза имкон медиҳад роҳи ҳалли он ҳама мушкилотеро, ки дар ин самт, хусусан ҷиҳати содироти лимӯи Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ҷой доранд, то андозае баррасӣ намоем.
Дар ҳамоиш директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иброз дошт, ки ин вохӯрӣ як қадами устувор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо буда, бо истифода аз имконияти мавҷуда тавассути рушди устувори миқдор ва сифати содироти лимӯ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Агентии содирот бо мақсади дарёфти шарикони боэътимоди тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, муаррифӣ кардани молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Номбурда иттилоъ дод, ки беш аз 50 фисади лимӯи Тоҷикистон ба Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсиси Россия ва давлатҳои Аврупо содирот карда мешавад.
Сардори Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Қурбонов иброз намуд, ки «ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди содироти лимӯ, ҳавасмандгардонии ширкатҳои содироткунанда ва дастгирии истеҳсолкунандагони лимӯ мебошад. Агентӣ бо мақсади зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, бахусус содироти лимӯ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст”.
Ба гуфтаи ҳасуҳбати мо, истеҳсоли лимӯ дар мамлакат зиёд, вале содироти он дар сохтори кишоварзӣ кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ Агентии содирот ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба баланд бардоштани имконияти содиротӣ ва мусоидат ба рушди содиротии мамлакат, бахусус содироти лимӯ, ки маҳсулоти афзалиятноки содиротӣ мебошад, ин вохӯрии кориро ташкил намуд.
-Дар 10 моҳи соли равон 150 тонна лимӯ ба хориҷи мамлакат, асосан ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо содирот карда шуд,-иброз кард Абдурасул Қурбонов.
Бояд зикр кард, ки ҳамоиши мазкур боз як қадами устувор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо буда, бо истифода аз имконияти мавҷуда тавассути рушди устувори миқдор ва сифати содироти лимӯ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ мусоидат карда метавонем.
Мудири бахши Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии содирот ба намоиш, фурӯш, содирот ва истеҳсоли молу маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда диққати махсус дода, пайваста онро дастгирӣ менамояд. Ҳамин дастгириҳост, ки имсол зиёда аз 134 тонна лимӯи истеҳсолшудаи вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Соли гузашта дар вилояти Хатлон 4319 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид ва имсол умед дорем, ки то 5 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои мамлакат ва берун аз он содирот намоем”.
Дар вохӯрии кории имрӯза ҳамчунин роҳбари хоҷагии «Ватан» аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, лимӯпарвар Нуралӣ Насконов иштирок дошт. Ӯ гуфт, ки дар як гектар 400 бех ниҳоли лимӯ парвариш мекунад. Ҳар як ниҳоли парваридааш то 100 кило лимӯ бор меорад. Номбурда гуфт, ки соли гузашта 9,5 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намудааст. «Лимӯҳои моро бисёртар аз Суғд ва шаҳри Душанбе харидорӣ мекунанд, инчунин ба хориҷи мамлакат низ содирот мекунем»,-иброз намуд ӯ.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби шарикони рушд ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон оид ба содироти лимӯи Тоҷикистон ба дигар давлатҳо ва лаззати нотакрори он ибрози назар карда шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»













РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад
Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман мулоқот намуд
Кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ дар Осорхонаи миллӣ бо мероси таърихию фарҳангии ниёгон шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 масъалаҳои рушди рақамиро баррасӣ намуд
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 дастрасии ҳадди ақалл 90 фоизи аҳолиро ба оби мутамарказ таъмин намояд
Татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш диҳад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об — манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд
Имконоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Устувории низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об дар Душанбе баррасӣ гардид






