Мерилин Ҷозефсон: «Боварӣ дорам, ки лимӯ дар оянда яке аз муваффақтарин бренди Тоҷикистон дар ҷаҳон мешавад»

Ноябрь 26, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Мо хеле хуб медонем, ки лимӯ ҳамарӯза аз ҷониби инсонҳо истеъмол карда мешавад ва дар аксар мамлакатҳои дунё низ парвариш меёбад, аммо лимӯи тоҷикӣ хеле таъми лазиз дошта, хушбӯй мебошад ва ҳамин аст, ки харидорони худро берун аз Тоҷикистон базудӣ пайдо кардааст. Боварӣ дорам, ки лимӯ дар оянда яке аз муваффақтарин бренди Тоҷикистон дар ҷаҳон мешавад. Ин матлабро имрӯз зимни мулоқоти корӣ оид ба муаррифӣ ва содироти лимӯ, ки  бо иштироки бахши хусусӣ, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдор дар Душанбе баргузор шуд, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мерилин Ҷозефсон баён намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки  ҷаласаи кории имрӯза имкон медиҳад роҳи ҳалли он ҳама мушкилотеро, ки дар ин самт, хусусан ҷиҳати содироти лимӯи Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат  ҷой доранд, то андозае баррасӣ намоем.

Дар ҳамоиш директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иброз дошт, ки ин вохӯрӣ як қадами устувор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо буда, бо истифода аз имконияти мавҷуда тавассути рушди устувори миқдор ва сифати содироти лимӯ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Агентии содирот бо мақсади дарёфти шарикони боэътимоди тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, муаррифӣ кардани молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Номбурда иттилоъ дод, ки беш аз 50 фисади лимӯи Тоҷикистон ба Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсиси Россия  ва давлатҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Сардори Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдурасул Қурбонов иброз намуд, ки «ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди содироти лимӯ, ҳавасмандгардонии ширкатҳои содироткунанда ва дастгирии истеҳсолкунандагони лимӯ мебошад. Агентӣ бо мақсади зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, бахусус содироти лимӯ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст”.

Ба гуфтаи ҳасуҳбати мо, истеҳсоли лимӯ дар мамлакат зиёд, вале содироти он дар сохтори кишоварзӣ кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ Агентии содирот ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба баланд бардоштани имконияти содиротӣ ва мусоидат ба рушди содиротии мамлакат, бахусус содироти лимӯ, ки маҳсулоти афзалиятноки содиротӣ мебошад,  ин вохӯрии кориро ташкил намуд.

-Дар 10 моҳи соли равон 150 тонна лимӯ ба хориҷи мамлакат, асосан ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо  содирот карда шуд,-иброз  кард Абдурасул Қурбонов.

Бояд зикр кард, ки ҳамоиши мазкур боз як қадами устувор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо буда, бо истифода аз имконияти мавҷуда тавассути рушди устувори миқдор ва сифати содироти лимӯ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ мусоидат карда метавонем.

Мудири бахши Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии содирот ба намоиш, фурӯш, содирот ва истеҳсоли молу маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда диққати махсус дода, пайваста онро дастгирӣ менамояд. Ҳамин дастгириҳост, ки имсол зиёда аз 134 тонна лимӯи истеҳсолшудаи вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат содирот гардид.  Соли гузашта дар вилояти Хатлон 4319 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардид ва имсол умед дорем, ки то 5 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои мамлакат ва берун аз он содирот намоем”.

 

Дар вохӯрии кории имрӯза ҳамчунин роҳбари хоҷагии «Ватан» аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, лимӯпарвар Нуралӣ Насконов иштирок дошт. Ӯ гуфт, ки дар як гектар 400 бех ниҳоли лимӯ парвариш мекунад. Ҳар як ниҳоли парваридааш то 100 кило лимӯ бор меорад.  Номбурда гуфт, ки соли гузашта 9,5 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намудааст. «Лимӯҳои моро бисёртар аз Суғд ва шаҳри Душанбе харидорӣ мекунанд, инчунин ба хориҷи мамлакат низ содирот мекунем»,-иброз намуд ӯ.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби шарикони рушд ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон оид ба содироти лимӯи Тоҷикистон ба дигар давлатҳо ва лаззати нотакрори он ибрози назар карда шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд