Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 12, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  11 ноябр дар Душанбе Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин Амонзода ва Раиси Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) – Шим Ҷебок Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷонибҳо иброз намуданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак, аз қабили курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба омӯзиши забони кореягӣ дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, таъсиси заминаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии соҳаи кишоварзии  вазорат, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва устоҳои таълимии литсейҳои касбӣ – техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамчунин хатмкунандагони курсҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо кор таъмин карда мешаванд.

Ҳадафи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум густариш додани  ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA)  мебошад.

Ноябрь 12, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд