МО БОЗ ЗИЁДТАР ШУДЕМ! Дар тӯли 28 сол аҳолии Тоҷикистон қариб 2,5 баробар афзудааст
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аҳолии Тоҷикистон дар тӯли соли охир 2% афзуд ва 9 миллиону 444,2 ҳазор нафарро ташкил намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти Агентии омор, аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.
Дар 10 моҳи охири соли равон аҳолии мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 фоиз афзудааст.
Дар бахши минтақавӣ шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 3,4 миллион нафар, вилояти Суғд — зиёда аз 2,7 миллион нафар, ВМКБ — 230,4 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — беш аз 2,2 миллион нафар ва шаҳри Душанбе — 871,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Пештар СММ пешгӯӣ карда буд, ки аҳолии Тоҷикистон то чӣ андоза тағйир хоҳад ёфт. Тибқи пешгӯиҳои СММ, то соли 2100 аҳолии мамлакат 2,5 маротиба афзоиш меёбад ва зиёда аз 25 миллион нафар хоҳад шуд.
Дар оғози соли гузашта Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки тайи 28 соли охир аҳолии Тоҷикистон 3,7 миллион нафар афзудааст ва дар ҷамъбасти соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расидааст.
Бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда соли 1990 ҳамагӣ 5,4 миллионро ташкил карда буд. Тибқи пешгӯӣ, соли 2023 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба 10 миллион нафар хоҳад расид.
Зикр шудааст, ки дар айни замон дарозии умри миёна дар мамлакат 75 солро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, шумораи умумии одамоне, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, то 22 ноябри соли 2020 тақрибан ба 7 827 000 000 нафар расидааст. Аҳолии Замин то соли 2018 7,594 миллиард нафарро ташкил медод. То солҳои 70-ум аҳолии ҷаҳон тибқи қонуни гиперболӣ афзоиш меёфт; аз соли 1990 ба ин тараф сустшавии суръати афзоиши аҳолии Замин ба назар мерасад, соли 1990 афзоиши он 87,4 миллион нафарро ташкил дод.
АКС АЗ АМИТ «Ховар»








Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид






