Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд

Ноябрь 25, 2020 15:32

ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун механизми муҳими амалисозии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Тавре таззакур дода шуд, самтҳои ҳамкории ду давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия қарор доранд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро қариб 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол байни ду давлат  720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди мамлакат, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо манфиатдории худро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад маънидод намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Россия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду давлатро таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни кишварҳоямон мегузорад.

 

Ноябрь 25, 2020 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад