Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Ноябрь 24, 2020 20:22

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 24 ноябр дар шаҳри Москва мулоқотҳои хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина  Матвиенко, инчунин ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия ташриф оварданд. Боздиди мазкур нахустин сафари хориҷии роҳбари мақомоти болоии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В.И. миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду давлатро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.

Зимни музокирот якчанд масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд.

Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр зикр гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, ба зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкории самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд.

Ҳамзамон ба ҳамкории самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Зимни мулоқоти ҳамтоён масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудияти марбут ба пандемияи КОВИД-19 барои идомаи машғулият ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон иброз намуданд.

Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқоти имрӯза ба тавсеаи муносибатҳои ду давлат дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такон мебахшад. Тамоюли мусбати ҳамкории мутақобила дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, башардӯстӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва дигарҳо ба назар расида,  ба ин пеш аз ҳама муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи сарварони давлатҳо мусоидат менамояд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду давлат таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳа миёни Тоҷикистон ва Росссия неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Аксҳо аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2020 20:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян гардид
Валентина Матвиенко азм дорад аввалҳои соли 2022 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба мавзӯи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳамоиш доир шуд
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт
Маҳмадтоир Зокирзода ва Виктор Денисенко оид ба рушди ҳамкории мутақобила суҳбат намуданд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон се созишнома ба тасвиб расид
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои АБ ИДМ қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат мекунанд
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
21 декабр ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад