Расонидани кумаки ғизоӣ ба ҳайвоноту парандагони мамнӯъгоҳи табиии «Зоркӯл» оғоз гардид

Ноябрь 21, 2020 09:41

ХОРУҒ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар остонаи фасли зимистон барои ҳайвоноту парандагони мамнӯъгоҳи “Зоркӯл”, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи ғизоӣ захира карда мешавад. Дар кӯҳҳои атрофи кӯли Зоркӯл ба ҷуз гӯсфанди  нодири Марко Поло ва Озодапаланг ҳамчунин намудҳои гуногуни парандагону ҷонварон сукунат доранд.

Ба гуфтаи сардори мамнӯъгоҳи мазкур Худобахш Муборакқадамов, “чанд сол пеш намояндагони Созмони байналмилалии ҳифзи набототу ҳайвонот дар ин мамнӯъгоҳ  таҳқиқот анҷом дода, ду намуди паранда- яке кабки тибетӣ ва дигараш кабки  ҳимолойиро ба қайд гирифтанд. Ин кабкҳо ҳам аз ҷиҳати ҷусса ва ҳам ранг аз дигар намуди кабкҳо комилан фарқ дошта, ҳардуяшон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид карда шуданд. Бинобар ин ҳифзи чунин парандагону ҷонварон яке аз вазифаҳои аслии маъмурияти Мамнӯъгоҳи «Зоркӯл» ба шумор меравад”.

Соли равон бо дастгирии он хоҷагиҳое, ки ба таври расмӣ ба шикори гӯсфанди нодири Марко Поло машғуланд, даҳ тонна алаф, намак ва ғалладона ба кӯҳдоманҳо интиқол дода шуд. Дар мавсими гармӣ ҳайвоноти ваҳшӣ дур аз чашми инсонҳо бештар вақт дар қуллаҳои дурдасти кӯҳ барои худ чарогоҳ интихоб мекунанд. Аммо пас аз он ки қуллаҳои кӯҳро барф мепӯшонад, ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо маҷбур мешаванд ба дашт ва ҳатто баъзан ба маҳаллаҳои аҳолинишин  фароянд. Ҳанӯз барфи зиёд наборидааст ва ҳайвонот барои худ гиёҳу алафҳои табиӣ пайдо мекунанд.

Дар кӯҳистон корҳои биотехникӣ қабл аз барфрезиҳои шадид анҷом дода мешаванд. Кормандони мамнӯъгоҳ солҳо боз кӯч бастани  ҳайвонотро дар фасли зимистон мушоҳида мекунанд ва медонанд, ки ғизоро дар куҷо гузоранд, то ҳайвонот ҳарчӣ зудтар онро пайдо кунанд.

Зоркӯл яке аз кӯлҳои зебои Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Мурғоб, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Ноябрь 21, 2020 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад