Рустами Эмомалӣ бо Сергей Собянин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии мамлакат.
Мазмуни асосии вохўриро муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни Ҳукумати шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Москваи Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.
Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Зимни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ-фарҳангӣ, принсипҳои шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муштарак дар самти пешгирии сирояти бемории корнавирус, фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дар ин раванд ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн ва ҷалби сармоя, ҷоннок кардани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, рушду таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин тарбияи кадрҳо ва азнавсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид. Ба он Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин имзо гузоштанд.
Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.
Раиси шаҳри Душанбе аз Раиси шаҳри Москва даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёваранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул гардид.
Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Россия саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






