Се дастаи футболи Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин бошгоҳҳои Осиёи Марказӣ шомил шуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол», «Равшан» ва «Истаравшан» бино ба тафсири Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба рейтинги даҳгонаи беҳтарин бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказӣ шомил шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи AFC (the—afc.com) хабар медиҳад.
Конфедератсияи Осиё даҳгонаи беҳтарин дастаҳои футболи Осиёи Марказиро нашр кард, ки «Истиқлол»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истаравшан»-и Истаравшан шомили он мебошанд.
Рӯйхати пурраи беҳтарин дастаҳои Осиёи Марказӣ, ки дар сомонаи AFC нашр шудааст
«Бунёдкор» (Ӯзбекистон)
«Дордой» (Кирғизистон)
«Истаравшан» (Тоҷикистон)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Насаф» (Ӯзбекистон)
«Навбаҳор» (Ӯзбекистон)
«Олой» (Кирғизистон)
«Олтин Асир» (Туркманистан)
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Пахтакор» (Ӯзбекистон)
Дастаи футболи «Истиқлол» моҳи ноябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ки метавонад 24 ҳазор нафарро қабул кунад, ҳунарнамоӣ менамояд. Дастаи «Истиқлол» яке аз унвондортарин ва машҳуртарин дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Осиёи Марказии муосир мебошад.
Қаҳрамони феълии Лигаи олии Тоҷикистон ва барандаи феълии Суперҷоми Тоҷикистон мебошад. «Истиқлол» қаҳрамони 9-каратаи Тоҷикистон, 8 карат ғолиби Ҷоми Тоҷикистон, 9 карат ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон, дорандаи медали нуқра ва биринҷии Чемпионати Тоҷикистон, 3 карат финалисти Ҷоми Тоҷикистон ва финалисти Суперҷоми Тоҷикистон мебошад. Дар арсаи байналмилалӣ соҳиби Ҷоми Президенти КФО-2012 — саввумин мусобиқаи муҳимтарини дастаҳои футболи Осиё ва ду маротиба финалисти Ҷоми КФО (солҳои 2015 ва 2017) — дуввумин мусобиқаи дастаҳои Осиё (шабеҳи Лигаи Аврупо УЕФА ё Ҷоми барҳамхӯрдаи УЕФА) мебошад.
Дастаи футболи «Равшан» соли 1965 таъсис ёфтааст. Аз лаҳзаи таъсиси чемпионати мустақили Тоҷикистон дар соли 1992 дар Лигаи Олӣ (бо танаффус) баромад мекунад. Соли 1993 соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва соли 1994 финалисти Ҷом гардид. Худи ҳамон сол дар мусобиқаҳо барои Ҷоми барандагони ҷомҳои Осиё ширкат варзид. Дар мавсимҳои 2012 ва 2013 «Равшан» қаҳрамони Тоҷикистон шуд, солҳои 2013 ва 2020 даста Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Соли 2020 ба Лигаи олӣ баргашт.
Дастаи футболи «Истаравшан» яке аз қадимтарин дастаҳои Тоҷикистон мебошад, ки соли 1938 бо номи «Спартак» (Ӯротеппа) таъсис ёфтааст. Солҳои 1981-1984 бо номи «Трикотажник» бозӣ карда, 4 сол пай дар пай қаҳрамони чемпионати ҶШС Тоҷикистон шуд ва соли 1981 соҳиби Ҷоми ҷумҳурӣ гардид. Солҳои зиёд бо танаффус дар Лигаи олӣ бозӣ мекард. Соли 2018 истаравшаниён ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон шуда, ба Лигаи олӣ баргаштанд. Аз соли 2019 даста дубора дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад.
АКС аз сомонаи AFC








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






